Шавкат Шоимзода: муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз»: Ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба андозаи 70 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 16.07.2019./АМИт «Ховар»/. Аз аввали соли равон Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Узбекистон наздики 70 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намудаст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора муовини аввали Директори генералии ҶСК»Тоҷикстрансгаз» Шавкат Шоимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Шавкат Шоимзода зикр намуд, ки дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ гази табиӣ ворид шудаст. Ӯ илова намуд, ки давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Узекистон барқарор шуд, ба Тоҷикистон наздики 54 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд.
Ба гуфтаи Шоимзода истеъмолгарони асосии гази табиии Узбекистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Узбекистон соли гузашта, пас аз шаш соли таваққуф дубора ба Тоҷикистон интиқоли гази табииро шурӯъ намуд.
ҶСК «Тоҷиктрансгаз» аввали имсол тасмим гирифта буд, ки аз Ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон дар ҳаҷми 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки айни замон даҳҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати алюминийи тоҷик (ТАлКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз гази табии кишвари ҳамсоя истифода менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» имсол 60-сола мешавад. Он соли 1959 таъсис ёфтааст. Маҳз аз ҳамон сол таъмини сартосарии аҳолии Тоҷикистон бо гази табиӣ шуруъ гардида буд. Соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» табдил дода шуд.








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






