Шоми имрӯз Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ рақобат мекунад

Июль 19, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз  чемпиони Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ  Зокир Сафиулен дар даври нимниҳоӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Қазоқистон» вориди рақобат мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Президенти Қазоқистон» оид ба бокс  14 июл оғоз шуда, то  21 июл дар шаҳри Нур- султон  идома меёбад. Дар он  беш аз 150 нафар   варзишгарон аз 13 давлати дунё иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври аввал бинобар сабаби аз бозӣ даст кашидани варзишгари гурҷистонӣ ба марҳилаи дигар роҳхат пайдо намуд.  Дар даври дигар Баҳодур бо ҳисоби 5-0 бар варзишгари қазоқ Дилмурод Неҷидов ғолиб омада,  ба даври нимниҳоӣ роҳхат пайдо намуд.

Июль 19, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид