Шоми имрӯз Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз чемпиони Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ Зокир Сафиулен дар даври нимниҳоӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Қазоқистон» вориди рақобат мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Президенти Қазоқистон» оид ба бокс 14 июл оғоз шуда, то 21 июл дар шаҳри Нур- султон идома меёбад. Дар он беш аз 150 нафар варзишгарон аз 13 давлати дунё иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври аввал бинобар сабаби аз бозӣ даст кашидани варзишгари гурҷистонӣ ба марҳилаи дигар роҳхат пайдо намуд. Дар даври дигар Баҳодур бо ҳисоби 5-0 бар варзишгари қазоқ Дилмурод Неҷидов ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ роҳхат пайдо намуд.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






