ТАФРЕҲ ДАР «ЧАНГОБ». Истироҳатгоҳи мазкур кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба даври дуюм ва сеюм қабул менамояд

Июль 10, 2019 13:18

ҲИСОР, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби маблағгузории Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои даври дуюм ва сеюм қабул менамояд.

Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳонидин МАҲМУД.

Тибқи иттилои сарвари  истироҳатгоҳи «Чангоб» Рустам Аҳмадов, дар даври аввал 56 нафар кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 36  нафар кӯдакону наврасони нимятим ва  ятими кулл мебошанд.

Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки аз замони Шӯравӣ  боқӣ мондааст, бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад. Дар ин истироҳатгоҳ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият мекунанд.

Инчунин аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор донишҷӯён барои   таҷрибаомӯзӣ роҳхат гирифта, дар якҷоягӣ бо мураббияҳои  ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Рустам Аҳмадов иброз намуд, ки кӯдакону наврасон  дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Истироҳатгоҳи мазкур бо назардошти имкониятҳои мавҷуда  метавонад  дар  як баст то 300 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд.

Вале соли равон аз сабаби ҳамкорӣ накардани Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар даври якум танҳо 56 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардиданд. Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» дар сурати ҳамкорӣ намудани Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ имконият дорад дар басти дуюм ва сеюм 300-нафарӣ  кӯдакону наврасонро ба истироҳат фаро гирад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон  ва наврасон дар соли 2019» дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 3380 нафар хонандаро ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ҷалб намуда, ба зиёда аз 50 нафар кӯдакони ятиму лаёқатманд ба лагерҳои беруназшаҳрӣ роҳхат додаанд.

Июль 10, 2019 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид