Таваллудхонаи ноҳияи Рӯдакӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид

Июль 4, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридан ва қабули таҷҳизоту лавозимоти муосир баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизот бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Россия дар доираи Лоиҳаи «Зиндамонӣ ва инкишофи кӯдакони синни бармаҳал» тавассути Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани таҷҳизоти тиббӣ  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини иштирок намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азиз Одиназода иброз намуд, ки иқдоми пешгирифтаи шарикони боэътимоди мо-сафорат ва намояндагӣ идомаи ҳамкории бомарому пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва ЮНИСЕФ буда, барои рушди соҳаи тандурустии мамлакат саҳми назаррас арзёбӣ мешавад. Он дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидааст.

«Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дорои 236 кат буда, соли 1975 сохта шудааст. Он ба сокинони ноҳияи мазкур, ки айни замон 588 ҳазору 631 нафар мебошанд, хизмат мерасонад. Дар беморхона 112 нафар табибон ва 259 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд. Бо назардошти дурнамои афзоиши аҳолии ноҳия, иқтидори моддию неруи кадрии беморхона ва шароити кории сохторҳои он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, мушкилоти мазкур зина ба зина роҳи ҳалли худро ёфта истодааст,-афзуд ӯ.

 Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон иброз намуд, ки бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона ва стратегӣ байни Тоҷикистону Россия, кишвари мо пайваста тибқи нақша барои ба даст овардани дастовардҳо дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин ва дигар лоиҳаҳо нишонаи манфиатдор будани кишвари мо барои пешрафт ва рушди мардуми Тоҷикистон аст.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон баён намуд, ки «солимии кӯдакон ва модарон сармояи муҳимтарини ҳар як давлат буда, он яке аз самтҳои афзалиятноки ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва солимгардонии онҳо якҷоя кор намоем. Дар навбати худ миннатдории хешро ба Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии  чандинсолаи онҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ва хариди  таҷҳизоти техникии мазкур мерасонем. Бояд зикр кард, ки пешниҳоди ин таҷҳизот оғози солимии шаҳрвандони “хурдакак”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад»,-гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиндамонии кӯдакон, пайдо ва бартараф намудани камбудиҳо дар системаи тандурустӣ ва муҳофизату солимии ҳар як модару кӯдак бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Бо мақсади кам намудани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон барномаи дастгирии моддӣ-техникӣ ва машваратӣ роҳандозӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар 12 ноҳияи таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, маблағи умумии он 1 миллиону 430 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла маблағи умумии барои харидории таҷҳизот пешбинишуда 660 ҳазор доллари амрикоиро ташкил менамояд. Маблағи харидорӣ ва насби таҷҳизот барои шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ 90 ҳазору 244 доллар амрикоиро дар бар гирифта, муҳлати кафолати истифодаи таҷҳизот аз ҷониби пудратчии лоиҳа се сол мебошад.

Июль 4, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад