ҲУНАРМАНДОНИ МАРДУМӢ ЧӢ МУШКИЛ ДОРАНД? Ба бозор роҳ ёфтану бозоргир шудани маҳсули дасти онҳо рушди соҳаро таъмин менамояд

Июль 8, 2019 18:14

ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2018 ба  Тоҷикистон 1 миллиону 155 ҳазор нафар ва дар чор моҳи соли 2019 зиёда аз 325 000 нафар шаҳрванди хориҷӣ сафар намуда, аз имкониятҳои бузурги сайёҳии мамлакат баҳра бурданд. Дар баробари ин, дар ин сол  зиёда аз 750000 нафар сайёҳони дохилӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар намуданд.

Табиист, ки ташрифи сайёҳони хориҷию дохилӣ дар мамлакат дар баробари дигар афзалиятҳо, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат  менамояд. Тасаввур намоед, агар ҳар як сайёҳ ҳадди ақал  як армуғон бо худ бурда бошад, он барои ҳунармандони ҷумҳурӣ  ва оилаи онҳо чӣ қадар даромад меорад.

Бояд тазаккур дод, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон  ва  ба ин васила  ба  шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат  шароити мусоид фароҳам овард. Соҳаҳои сайёҳӣ  ва ҳунармандӣ бо ҳам алоқаманданд, зеро маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, сайёҳони хориҷӣ дар марказҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ асосан ба маҳсулоти истеҳсоли дастии ҳунармандон  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҳама зиёд  онҳоро чун армуғон харидорӣ менамоянд.

Дар ин замина, дар асоси дастури Президенти мамлакат   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо мақсади ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, барқарорсозӣ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардид. Он бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҳунармандон ва иттиҳодияҳои ҳунармандӣ баррасӣ ва мувофиқа шуд.

Қонуни мазкур   дар  ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки  14  майи соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии қонуни мазкур иброз дошт, ки «бо рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ  ҷойи кори зиёд ба вуҷуд меояд. Марказҳои ҳунармандӣ таъсис меёбанд, дар хонаҳо ҳунарҳои гуногун тавлид мешаванд. Ҳоло як зумра ҳунарҳои қадимӣ аз байн рафтаанд, ки эҳёи онҳо вазифаи муҳими мансубини соҳа хоҳад буд. Синни қисмати бештари ҳунармандон ба ҷое расида, омӯзонидани ҳунари онҳо ба ҷавонон вазифаи таъхирнопазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳунарҳои миллиро эҳё кардан зарур аст. Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми ба ҷумҳурӣ омадан аз маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ харидорӣ намуда, бо худ армуғон мебаранд».

Мавриди зикр аст, ки дар масъалаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба аҳолӣ аз ҷониби  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре  муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмин Сангинзода  дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур моҳи феврали соли  равон зикр намуданд: «Соли 2018 дар  муассисаҳои таълимии вазорат  ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода шуда,  дар ин давра  қариб 19  ҳазор  занону духтарони хонашин  аз рӯи 28 намуд ҳунарҳои мардумӣ   омӯхтанд.   Дар ин муддат дар  ҷумҳурӣ    1 ҳазору 54 маркази ҳунармандӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо  шаҳрвандони бекор   ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он машғул мебошанд. Ҳамчунин дар баробари ин дар ҷумҳурӣ 284  коргоҳи хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуданд, ки  он барои бо ҷойи кор таъмин гардидани шаҳрвандон мусоидат намуд».

Воқеан ҳамалҳол марҳила ба марҳила  ҳунарҳои аҷдодии миллиамон аз нав эҳё мегарданд, ки ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ,  касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва  паст кардани сатҳи камбизоатӣ  мусоидат менамояд.

Дар ин маврид сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» -и вилояти Суғд Муҳаммадҷон Ёқубӣ чунин иброз намуд: «Имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд дар партави иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, ҳамчунин дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра иқдомҳои созанда роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 дар ҳудуди вилоят доир ба эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита ҷалб намудани занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо шуғли доимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар миқёси 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 260 адад марказҳои таълимиву истеҳсолӣ амал намуда, занону духтарони ин марказҳо иштирокчии фаъоли ҳар як чорабиниву намоишҳои ҳунарҳои дастӣ гардидаанд».

«Ҳамзамон дар ин сол дар миқёси вилоят 28  маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, дар онҳо беш аз 18 ҳазор нафар хонандагон дар 544 маҳфили гуногун ба таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар назди 780 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои рӯзгордорӣ ташкил карда шуда, ҳамчунин дар 864 муассисаи таълимӣ танӯр ва дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оташдонҳо шинонида шудаанд. Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 352 маҳфили сӯзанидӯзӣ, 397 маҳфили қолинбофӣ, 199 маҳфили атласу адрасбофӣ ташкил ва 1 ҳазору 69 дастгоҳи қолинбофӣ ва 133 дӯкони атласу адрасбофӣ харидорӣ шудаанд», -афзуд номбурда.

Бино ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон   Гавҳарбӣ Мирзошоева,  соли гузашта    410 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши асосҳои компютер, муҳосибӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.

«Дар маркази хизматрасонии «Меҳри модар» – и Ҷамоати деҳоти Кангурт зиёда аз 150 нафар ва дар маркази хизматрасонии «Гулдастон» — и шаҳраки Совет 35 нафар бонувони хонашин бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар маркази ҷавонони ноҳия 60 нафар соҳиби сертификат гардида, айни замон 15 нафар занону духтарони бешуғл ҳунарҳои дӯзандагию адрасбофиро омӯхта истодаанд.

Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Совет гармхонаи лимӯпарварӣ ва корхонаи мевахушккунӣ ба кор даромаданд, ки дар онҳо 6 нафар зани хонашин соҳиби ҷойи кор шуданд. Маркази ҳунарҳои мардумии деҳаи Танобчиро чанде пеш 30 зан хатм намуд. Рӯзҳои наздик дар деҳаи Танобчӣ боз курсҳои омӯзиши хунарҳои чакандӯзӣ, бофандагӣ ва қуроқдӯзӣ оғоз мегарданд»,- илова кард номбурда.

Сардори  Агентии меҳнат ва шуғли ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Салимҷон Нуралиев иброз дошт, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби духтарону бонувон ва ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дар оянда бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 182 нафар ба омӯзиши барномаҳои компютер, ҳунарҳои гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва кафшергари барқӣ ҷалб шуданд.

«Дар курсҳои кӯтоҳмуддати филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳия  бештар занону духтарони хонашин ҳунаромӯзӣ мекунанд»,-илова кард ӯ.

Мавриди зикр аст, ки  дар партави дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дурдасти мамлакат  ҷиҳати  ба шуғл фаро  гирифтани занону духтарони хонанишин тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Масалан, тибқи иттилои масъули  шуъбаи таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар назар аст, ки минбаъд дар ҳар деҳаи ноҳия  барои таъмини афроди ниёзманду маъюб бо ҷойи кори  доимӣ  коргоҳҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ  таъсис дода шаванд. Вобаста ба ин, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ  вусъат гирифтааст.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ  таъкид  намуданд, ки   «раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад. Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: дар раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем».

Бояд зикр кард, ки  алҳол бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ масъалаи ба Донишгоҳи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табдил додани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин  бо супориши Сарвари давлат бо мақсади таъмини ҳунармандон бо ашёи хоми ватанӣ  дар  Вазорати саноат ва технологияҳои нав  бо иштироки дигар сохторҳои марбута масъалаи аз нимаи дуюми соли равон  манъ намудани содироти нахи пахта, пилла, пӯст ва пашм баррасӣ гардид.

Тавре аз суҳбат бо ҳунармандони ҷумҳурӣ бармеояд,   дар мамлакат  дар омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дари филиалҳои «Маркази таълими калонсолон» ба рӯи ҳунаромӯзон кушода аст ва рӯз то рӯз теъдоди  марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  меафзояд.

Мушкили асосии соҳаи мазкур- ин  таъмини  нуқтаҳои  савдо барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон  дар марказҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ мебошад. Ҳарчанд  тибқи қонунҳои амалкунандаи  соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»  ҳунармандон дорои имтиёзҳои зиёд  мебошанд, аммо  масъулин  на ҳамеша зимни ҷудо намудани нуқта ва ғуфраҳои савдо дар бозорҳо ва дигар марказҳои савдо  ин имтиёзҳоро ба назар мегиранд.

Набояд фаромӯш кард, ки ба бозор роҳ ёфтани маҳсули дасти ҳунармандон ва бозоргир шудани онҳо омили асосии рушди ин соҳа маҳсуб мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2019 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст