Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Бишкек ба гирифтани 11 медал мушарраф гардиданд

Июль 16, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  13-14 июли соли равон  дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи байналмилалии XXII оид ба варзиши сабук барои ҷоизаи чемпиони олимпӣ Татяна Колпакова баргузор гардид. Иштирокчиён имкон доштанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур қариб 200 нафар варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд. Варзишгарони Тоҷикистон ба гирифтани 11 медал — 5 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Гулсунбӣ Шарифова миёни бонувон дар масофаҳои 200 (бо натиҷаи 23.39) ва 400 метр (52.72) ба гирифтани 2 медали тилло, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа миёни бонувон (59.21), миёни мардҳо Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр (10.98) ва Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа (52.93) ба гирифтани медали тилло сазовор шуданд.

Дар масофаи 400 метр бо монеа миёни мардҳо варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 54.21 ва дастаи мардонаи мамлакат  дар эстафетаи 4х100 бо натиҷаи 41.48 медали нуқра ба даст оварданд.
Медалҳои биринҷиро дастаи мардонаи ҷумҳурӣ дар эстафетаи 4х400 (3:19.90), Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр (47.48), Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.08 метр) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 400 метр бо монеа (1:15.12) соҳиб шуданд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Қирғизистон Иван Шербаков, иштирокчиён натавонистанд меъёрҳои муайяншударо барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 иҷро кунанд.

Июль 16, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад