Вазири корҳои дохилӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод
ДУШАНБЕ, 22.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти фаврӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва роҳҳои ҳалли воқеъбинонаи онҳо дар ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ баргузор шуд, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мушовара таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода сурат гирифта, дар он фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаш моҳ натиҷагирӣ гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян гардиданд.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаҳои сайёр дар баробари муҳокимаи ҳамаҷонибаи натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомот, баррасии воқеъбинонаи камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаю роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин барои бо ҳамдигар аз наздик шинос шудани ҳайати шахсӣ, рафту омади кормандон ба дигар минтақаи хизматӣ, огаҳӣ ёфтан аз шароити хизмат, муҳити корӣ ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни онҳо мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе як зумра чорабиниҳои муҳими сиёсии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории сатҳи ташкили баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар рӯзҳои Саммит изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ расониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бармеоянд, корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар назди ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои шашмоҳаи дуюми соли равон вазифаҳо гузошта шуд.










Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






