Вазири маориф ва илм: 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои олии хориҷа таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «»Ховар»/. Айни замон 30 ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсили илм доранд. Зиёда аз 90 фоизи онҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсили илм менамоянд. Матлаби мазкурро имрӯз, 19 июл Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Бино ба гуфти вазир, донишҷӯёне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои давлатҳои дигар фиристода мешаванд, бо шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи баробар доранд.
«Интиқоли донишҷӯён аз хориҷи мамлакат ба дохил ва аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо танҳо ба зиммаи Вазорати маориф ва илм вогузор шудааст. Донишҷӯ варақаи имтиҳонии академии худро бо забони давлатии тоҷикӣ пешниҳод менамояд. Он аз ҷониби масъулини вазорат баробарарзиш карда шуда, муайян мегардад, ки барномаи таълимии азхудкардаи донишҷӯ ба кадом курсу ихтисос мувофиқат мекунад. Сипас Вазорати маориф ва илм фармони таҳсилашро дар ин ё он донишгоҳ мебарорад»,- иброз дошт Нуриддин Саид.
Тавре ӯ зикр намуд, волидоне ҳастанд, ки маблағ доранд, аммо хондани фарзандонашонро назорат намекунанд. Онҳо ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои мамлакат дохил шуда наметавонанд, зеро соҳиби холи зарурӣ намешаванд.
«Онҳо дар дигар давлатҳо ба ихтисосҳои серталаб, ба мисли ҳуқуқшинос, иқтисоди байналмилалӣ, умури бонкдорӣ тариқи шартномавӣ дохил мешаванд. Он ҷо як сол таҳсил мекунанд ва ба Ватан баргаштан мехоҳанд. Вале мо хоҳиши онҳоро рад мекунем, зеро агар онҳо саводи кофӣ дошта бошанд, дар ин ҳол бояд тариқи Маркази миллии тестӣ ба ин ё он муссисаи олии мамлакат дохил шаванд», -баён дошт Вазири маориф ва илм.








«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид






