ЯК ЗИНА БОЛО. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА дар мақоми 119-ум қарор гирифт

Июль 26, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 июли соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави  дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  ҚУРБОН хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рейтинги мазкур  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум қарор гирифт. Ҳоло дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби  Белгия бо касби 1746 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби  Бразилия бо   1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби Франсия бо касби 1718 хол ҷойгир шудаанд.

Раддабандии нави ФИФА:

  1. Белгия (1746 имтиёз)
  2. Бразилия (1726)
  3. Франсия (1718)
  4. Англия (1652)
  5. Уругвай (1637)
  6. Португалия (1631)
  7. Хорватия (1625)
  8. Колумбия (1622)
  9. Испания (1617)
  10. Аргентина (1610)

…

  1. Тоҷикистон (1152).
Июль 26, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард