Ҳайати илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо ба кӯли Сарез меравад

Август 28, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯли Сарез меравад. Ҳадаф аз таъсиси чунин гурӯҳи корӣ баррасии вазъи кӯл буда, ин мавзеъ аз нигоҳи олимони зилзилашинос таҳқиқ мешавад.

Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳайати мазкур аз 15 нафар иборат буда, ба  он  ду нафар-Ю.Мамадҷонов ва М.Сафаров ба намояндагӣ аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) – и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин, Ф. Шаймуродов аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ, Ш.Я. Муродқулов аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи  Академияи илмҳои ҶТ, А. Дарғаев аз Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, М. Муборакшоев ва М. Насриддинова аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ шомил мебошанд.

Дар ин ҳайат 8 нафарро шаҳрвандони Чин —  намояндаҳои Институти хатарҳои кӯҳӣ ва муҳити зисти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Чин ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Чин  ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки кӯли Сарез – яке аз муъҷизаҳои табат ва дурдонаҳои сайёҳии  Тоҷикистон аст, ки  соли 1901 ба вуҷуд омадааст ва то ба имрӯз бо андоза ва зебоии нотакрори худ диққати аҳли оламро мутаваҷҷеҳ сохтааст. Он дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баландии 3250 метр аз сатҳи  баҳр воқеъ аст.

Дарозии кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км буда, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна  19 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Август 28, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид