Ҷамшед Камолов. «Бо гузашти 25 сол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба мақоми пуриқтидори соҳавӣ табдил ёфт»
ДУШАНБЕ, 17.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 август аз таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ гардид. Маҳз чоряк аср муқаддам дар ин рӯзи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи мазкур таъсис ёфта, ҳоло ба яке аз сохторҳои муқтадир ва бо таҷҳизоти техникии замонавӣ таъмини соҳавӣ табдил ёфтааст. Инчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 17 август дар мамлакат Рўзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мешавад. Дар робита ба бурду бохти ин сохтори муҳофизи ҳолатҳои фавқулода хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед КАМОЛОВ ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Ҷамшед Ҷамолович, тавре гуфтем, имрӯз ба таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 25 сол пур шуд. Мехостам оид ба бурду бохти ин ниҳод дар чоряк асри фаъолият сухан гӯед.
Ҷамшед Камолов: 17 августи соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода табдил дода шуд. Пас аз таҷдиди сохтори Ҳукумати мамлакат соли 2006 Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
Агар назаре ба таърих афканем, дар ҳақиқат мебинем, ки Кумита дар 25 соли фаъолияти худ ба як зумра пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар навбати аввал заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ташаккул ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», ки тамоми самтҳои асосии фаъолияти соҳаро дар мамлакат ба танзим медарорад, қабул шуд.
Дар баробари ин, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа қабул карда шуда, сохтор ва фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро муқаррар ва вазъи ҳуқуқию ваколатҳои мақоми ҳамоҳангсози Низоми мазкур ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода такмил дода шуд. Инчунин ба ҳайси мақоми машваратии Комиссияи давлатӣ Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз соли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ба он созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун нозирон шомил карда шуданд.
Дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддӣ-техникии Кумита пурзӯр карда шуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ниҳодҳои ҳудудӣ ва дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ ташкил ва бо таҷҳизот ва техникаи ҳозиразамони садамавию наҷотдиҳӣ таъмин карда шуданд.
Барои идоракунии мунтазами ҳолатҳои фавқулода марказҳои идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ ташкил гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ба фаъолият шурӯъ намудани низоми алоқаи фаврии «112» яке аз дастовардҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон барои омода намудани сокинон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва худуд ва паҳн намудани донишҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулода, гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва марказҳои марбута дар вилоятҳо ба кор шурӯъ намуданд. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо бинои нави замонавӣ ва таҷҳизоти таълимӣ пурра таъмин карда шуд. Хуллас, бо итминон метавон гуфт, ки бо гузашти 25 сол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба мақоми пуриқтидори соҳавӣ табдил ёфт.
АМИТ «Ховар»: Тавре зикр намудед, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 низ ба уҳдаи он вогузор шудааст. Мегуфтед, ки амалигардии стратегияи мазкур дар кадом сатҳ қарор дорад ва татбиқ шудани он чӣ натиҷа медҳад?
Ҷамшед Камолов: Яке аз самтҳои фаъолияти Кумита- ин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии соҳавӣ ба шумор рафта, он дар ин самт ба як зумра ҳадафҳои дар доираи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ноил гардид.
Бояд гуфт, ки дар асоси амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 қабул гардид, ки асосан тибқи тавсияҳои он ҷиҳати иҷрои чор самти афзалиятнок ва ҳафт ҳадафи ҷаҳонии барномаи мазкур дар назар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 60 давлати ҷаҳон ба шумор меравад, ки аввалин шуда, Стратегияи миллии худро оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ қабул намудаст.
Айни замон дар асоси Стратегияи мазкур ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои он панҷ лоиҳаи бузург бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо татбиқ гардида истодаанд, ки мақсади он ташкили ниҳоди боэътимод дар соҳаи омодагӣ ва эътинонамоӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади марҳила ба марҳилаи иҷро намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 дар доираи Платформаи миллӣ таҳияи зербарномаҳои миёнамуҳлати он барои солҳои 2019-2022 ба анҷом расида, дар марҳилаи мувофиқакунонӣ қарор доранд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки иҷрои Стратегияи мазкур то соли 2030 ба кам кардани ҳаҷми зарар аз ҳолатҳои фавқулқулода ва кам кардани талафот аз онҳо оварда мерасонад, ҳамзамон такмили соҳа ва баланд бардоштани иқтидори имкониятҳои он муҳайё мегардад.
АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари қабули стратегияҳои соҳавӣ барномаҳои давлатӣ низ қабул гардида, натиҷаҳои назаррас дар пай гузоштаанд. Яке аз чунин ҳуҷҷатҳои муҳим Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ба ҳисоб меравад. Мегуфтед, ки ин барнома бо кадом мақсад қабул карда шуд ва зимни татбиқ чӣ пайомадҳо хоҳад дошт?
Ҷамшед Камолов: Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 бо мақсади муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди КҲФ ва МГ, инчунин таъмини рушди устувори минбаъдаи он моҳи майи соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.
Барномаи мазкур беҳтар намудани фаъолияти низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар самти таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳуриро пешбинӣ менамояд.
Интизор меравад, ки амалисозии Барнома ба баланд бардоштани якчанд паҳлӯҳои ҳаётан муҳим ва дахлдори фаъолияти Кумита мусоидат намояд. Баланд бардоштани иқтидори Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, самаранокии ҳамоҳангӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, сатҳи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулода аз ҷумлаи ҳадафҳои Барнома мебошанд.
Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 то имрӯз натиҷаҳои дилхоҳ дод. Яъне, такмили сохтори Кумита гузаронида шуда, дар тамоми минтақаҳои мамлакат дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ ташкил гардиданд. Ҳамчунин заминаи моддию техникии онҳо пурзӯр гардида, сохтмони иншооти зарурӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ шурӯъ карда шуд. Алалхусус, сохтмони бинои нави Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии кумита, тарҳрезӣ ва сохтмони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ва Машқгоҳи байналмилалии тайёр намудани наҷотдиҳандагон аз зумраи комёбиҳои барномаи мазкур ба шумор мераванд.
АМИТ «Ховар»: Бояд гуфт, ки ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат мебошад. Дар замони рух додани ҳолатҳои фавқулода кормандони Кумита то кадом андоза метавонанд вокуниши фаврӣ нишон диҳанд? Оё заминаи моддиву техникии Кумита кифоят мекунад?
Ҷамшед Камолов: Дар давраи фаъолияти худ Кумита ба як ниҳоди ҳамоҳангсози пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода табдил ёфта, ба тамоми таҳдидҳо сари вақт ва бо фаврият вокуниш менамояд. Барои ин Кумита дорои техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ниҳодҳои он фаъолият доранд.
Кумита сатҳи таъминоти сохторҳои худро бо таҷҳизоти замонавӣ марҳила ба марҳила таҷдид менамояд. Масалан, танҳо дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон моҳи июли соли равон 127 намуд техникаву таҷҳизоти муосир ба Кумита дастрас карда шуд, ки ин барои пешбурди фаъолияти мо мусоидат менамояд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»