Ба пешвози Рӯзи варзишгарон. Дар Шуғнон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди киёкушинкай баргузор гардид
ХОРУҒ, 08.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, ба номи нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедови Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон байни наврасону ҷавонон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди киёкушинкай баргузор гардид. Дар мусобиқа 8 даста ва 120 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат доштанд.
Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода варзишгарони наврас, мураббиёну доварони мусобиқаро ба яке аз калонтарин деҳоти вилоят-Ҷамоати деҳоти Поршинев хайру мақдам гуфта, барои ҳар яки онҳо пирӯзӣ таманно намуд.
“Ин мусобиқа дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад ва ҳадафи он ба ҳам наздик овардани инфрасохтори деҳоту шаҳр мебошад. Маҳз бунёди чунин толори зебо ба мо имконият дод, ки ин гуна мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявиро дар ин деҳа баргузор кунем. Ин мусобиқа барои такмили истеъдоди варзишгарони наврас кумаки беандоза мерасонад ва аз сӯи дигар, чунин дидору гуфтугӯҳои мустақим кӯдакону наврасонро бештар ба ҳам наздик мекунад”,-баён дошт Раиси ноҳияи Шуғнон.
Киёкушинкай агарчӣ барои Тоҷикистон як намуди нави варзишӣ аст, аммо дар муддати кӯтоҳ байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон маҳбубияти хос пайдо кард. Зеро ин намуди варзиш мафҳуму маъно ва тарзу услҳои басо ҷолиб дорад. Маънои калимаи киёкушинкай «омезиши рӯҳу тан» мебошад.
Раиси Федератсияи киёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Кароматов, ки барои омӯзиш ва тамрини ин намуди варзиш ба давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Японияву Эрон сафар кардааст ва дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста соҳиби дани панҷум ва унвони “шхана” гардидааст, баён дошт, ки “киёкушинкай яке аз он намудҳои варзиш аст, ки рафтору кирдори бадро намеписандад ва моҳияти он тарғиби оини ҷавонмардӣ ва риояи одобу ахлоқи инсонӣ аст. Шиори он «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» аст. Аз ин рӯ ҳайати шахсии аксари сохторҳои интизомию низомии мамлакат низ ба тамрини ин намуди варзиш машғул мебошанд”.
Мактаби киёкушинкайи Тоҷикистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон мақому манзалат пайдо кардааст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо як унвондори “шион” аст, ки он ҳам аз Тоҷикистон аст. Теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигар аз давлати мо бештар аст, ки ин ҳам яке аз нишонаҳои рушди киёкушинкай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷои ифтихор аст, ки варзишгарони тоҷик соли равон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш соҳиби чор медали тилло гардиданд. Ҳоло варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки моҳи декабри соли равон дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
Ғолибони озмун бо медал, ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.









DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад






