Бозиҳои даври чордаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чордаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расида, бозиҳои даври понзадаҳуми Лигаи аввал баъди чанд рӯз оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Шоҳмансур» бо «Парвоз», «Ҳулбук» бо «Саройкамар», «Эсхата» бо «Локомотив-Помир», «Барқчӣ» бо «Файзканд», «Исфара» бо «Равшан», «Дӯстӣ» бо «Зарафшон» ва «Душанбе-83» бо «Ваҳдат» бо ҳам вомехӯранд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Ин бозиҳои ҷолиб 30-31 август ва 1 сентябри соли 2019 дар варзишгоҳҳои марказии ҷумҳуриявии мамлакат баргузор мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки дар даври чордаҳуми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе дар майдони худ дастаи «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби калони 6:0 мағлуб намуда, бо 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи аввал баромад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар майдони худ аз дастаи «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд, бо 31 имтиёз ба зинаи дуюм фуромад.
Зимнан, ин аввалин бохти дастаи «Файзканд» ба шумор меравад. Дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат, ки бар дастаи меҳмон — «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун — бо ҳисоби хеле калон- 7:0 ғолиб омад, бо 27 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 14-ум
«Ваҳдат» – «Дӯстӣ» – 7:0
Голҳо: Фаридун Нарзуллоев, 26 (1:0). Юсуфҷон Маликов, 48 (2:0). Фаридун Нарзуллоев, 49 (3:0). Шаҳбоз Юсупов, 58 (4:0). Неъматулло Муродов, 62 (5:0). Фаридун Нарзуллоев, 63 (6:0). Суҳроб Асоев, 66 (7:0).
15 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.
«Равшан» – «Ҳулбук» – 1:0
Гол: Ҳусейнҷон Ривоҷев, 85.
15 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.
«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:2
Голҳо: Ҷамшед Муродов, 8 (1:0). Колинс Адухене, 63 (1:1). Элчибек Рашидбеков, 71 (1:2).
16 август. Восеъ. Варзишгоҳи «Султони Кабир». 1500 тамошобин.
«Зарафшон» – «Эсхата» – 1:3
Голҳо: Рустамҷон Сабуров, 13 (0:1). Амирҷон Раҳимов, 28 (0:2). Олим Мавлонов, 74 (1:2). Ҷӯрабой Исоев, 90+3 (1:3).
16 август. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
«Саройкамар» – «Шоҳмансур» – 4:0
Голҳо: Хуршед Ямоқов, 56 (1:0). Хуршед Кабутов, 65 (2:0). Маҳмадрасул Одинаев, 71 (3:0). Соҳиб Ваҳҳобов, 84 (4:0).
16 август. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.
«Парвоз» – «Барқчӣ» – 3:0
Голҳо: Фирӯз Бобиев, 2 (1:0). Улуғбек Худоёров, 35 (2:0). Фирӯз Бобиев, 67 – аз пеналтӣ (3:0).
16 август. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 300 тамошобин.
«Локомотив-Помир» – «Исфара» – 6:0
Голҳо: Рустам Соиров, 20 (1:0). Азизбек Ҳасанов, 26 (2:0). Азизбек Ҳасанов, 38 (3:0). Парвиз Ҳоҷиев, 60 (4:0). Озодбек Панҷиев, 65 (5:0). Шуҳрат Элмуродов, 81 (6:0).
18 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






