Бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд

Август 15, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Аз чор бозӣ дар сетоаш меҳмонон ғалаба карданд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН   шарҳ медиҳад. 

Дар ин вохӯриҳои  ҷолиб дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан, КМВА «Помир»-и Душанбе  бар  дастаи «Хатлон»-и Бохтар, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Панҷшер» бо «Кӯктош» бо ҳисоби  мусовии 1:1  хотима ёфт.

Пас аз натиҷагирии даври ёздаҳум дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе зинаи охири ҷадвалро тарк карда, ҷояшро ба  дастаи «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ супорид.

Даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ:

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 45+3.

«Хатлон» –  КМВА «Памир» – 0:1

 Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 56.

«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:1

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 16 (0:1). Абдулатиф Тоҷиахмедов, 33 – аз пеналти (1:1).

 «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1

 Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 56 –аз пеналти.

 Б  Ғ  М  Б  Т/Т  Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  11  10  1  0  33-7  31
 2  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  11  6  2  3  21-10  20
 3  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  11  5  3  3  15-12  18
 4  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  11  3  4  4  14-16  13
 5  «Хатлон» (Бохтар)  11  3  3  5  11-14  12
 6  «Истаравшан» (Истаравшан)  11  3  2  6  9-16  11
 7  КМВА «Помир» (Душанбе)  11  2  3  6  8-17  9
 8  «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)  11  2  2  7  8-27  8

Ёдовар  мешавем, ки дар даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ ин дастаҳ  бо ҳам вомехӯранд:

17 август (шанбе)

«Истиқлол» бо  «Кӯктош»

«Регар-ТадАЗ» бо  «Панҷшер»

18 август (якшанбе)

КМВА «Помир» бо «Хуҷанд»

«Истаравшан» бо «Хатлон»

Август 15, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд