ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2019: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барандаи медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 15 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон дар ҳузури мухлисони сершумор ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Идомаи мавзӯъ — дар гузориши шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиро аз қисми дуюм даҳнафара идома дод, зеро зимни бозӣ як футболбози мо барои рафтори дағалона бо корти сурх муҷозот шуда, аз майдон берун карда шуд. Баъди ба анҷом расидани чемпионати мазкур дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал шуда, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 8 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой гирифта, соҳиби медали нуқра гардид. Дар бозии дигар дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон дастаи мунтахаби ҷавонони Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, сазовори медали биринҷии мусобиқоти мазкур гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2019 чор бозӣ баргузор намуда, дар ду дидор мусовӣ ва дар ду бозӣ пирӯз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон унвони чемпиони CAFA-2019 U-16-ро соҳиб гардида буд.
Чемпионати CAFA-2019 U-19
Бозии даври 5-ум
Тоҷикистон – Эрон – 1:1
Голҳо: Рустам Соиров, 39 (1:0). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 80 (1:1).
Туркманистон –Ӯзбекистон – 0:2
Голҳо: Одилбек Абдумаҷидов, 45+1 (0:1). Иброҳим Ибрагимов, 83 (0:2).
Бояд хотирнишон намуд, ки 13 август бозии даври сеюми Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Бозии даври 3-юм
Ӯзбекистон-Тоҷикистон 2:2
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2019 миёни ҷавонони то 19-сола 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон пирӯз гардид.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дастаи ҷавонони мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари давр дастаи мунтахаби Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.
Футболбозони ҷавони мамлакат дар даври дуюм бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.
Хотиррасон менамоем, ки 9-10 август дар шаҳри Душанбе бозиҳои ду даври Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар аввалин бозӣ бар дастаи ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев дуголӣ, Амадонӣ Камолов як гол заданд. Ин бозӣ дар доираи даври дуюми чемпионат 10 август доир гашт. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Дар даври аввал дастаи мунтахаби Эрон бар дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, бозӣ миёни дастаҳои Афғонистон – Туркманистон мусовӣ (2:2) ба анҷом расид.










Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






