Дар арафаи соли нави хониш боз як дабистон дар Душанбе дари худро ба рӯи толибилмон боз кард

Август 30, 2019 17:26

ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда, дар як баст пешбинӣ шудааст.  Мактаби нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, шумораи умумии синфхонаҳои он  ба 32 адад мерасад. Утоқҳои роҳбарият ва омӯзгорон, инчунин синфхонаҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунар барои духтарону писарон, кабинетҳои лингофонӣ, маҷлисгоҳ бо 144 ҷойи нишаст, ошхона бо 80 ҷойи нишаст ва утоқи либосовезии хонандагону омӯзгорон бо асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Барои омӯзиши санъати тасвирӣ  синфхонаи махсус  ҷудо гардидааст, ки дар он   тамоми таҷҳизоти  тадрисӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки бо тамоми асбобу аёнияти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, мутахассисони соҳибтаҷриба ба хонандагон нозукиҳои касбҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ  ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомҳоро меомӯзонанд.

Роҳрав ва синфхонаҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавии дорои сифати баланд ва лавҳаҳои электронию технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин имконият медиҳад, ки раванди таълим пурра таҳти назорат қарор гирифта шуда, омӯзгорон масъулиятшинос бошанд. Аз ҷониби дигар, он ба волидайн имкон фароҳам меорад, ки аз ҷараёни таълиму тарбия, рафтор ва одобу ахлоқи фарзандонашон дар мактаб  пайваста огоҳӣ дошта бошанд.

Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон дар бинои навбунёд маркази тиббӣ ҳам бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Бинои нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори  ватанӣ Изатулло Давлатов бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ сохта шуда, бинои аввали он  14 августи соли 2018 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълим  дар ин мактаб Раиси шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дар баробари корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф ба масъалаи истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ низ эътибори махсус  дода шавад.

Раиси шаҳр омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосро муҳим арзёбӣ намуда, дастур дод, ки дар раванди таълим  ба баланд бардоштани савияи илмомӯзии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Рустами Эмомалӣ  масъулинро вазифадор намуд, ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ,   тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти ба талаботи замон ҷавобгӯи сохту истеҳсоли корхонаҳои  ватанӣ таъмин карда шаванд. Зеро чунин тадбир ҳам дар самти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ мусоидат  карда, нисбат ба маводи воридотӣ  арзон  мебошанд.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ Раиси шаҳри Душанбе  таваҷҷуҳи  масъулинро ба ороиш ва тарҳи роҳрав, гулдонҳои сатҳӣ, хусусан ободонӣ ва  сабзазоркунии майдони назди бинои таълимӣ ҷалб намуд. Онҳоро муваззаф намуд, ки дар баробари гулу майса, ҳамчунин ба шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ таваҷҷуҳ  зоҳир намоянд.

Раиси шаҳр баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, тарбия  намудани онҳоро  дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию  давлатӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе маънидод намуд.

Август 30, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд