ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Роҳпаймоии автомобилӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим-аз Тирмиз то Душанбеву Хоруғ ва Қошғар

Август 15, 2019 14:35

ХОРУҒ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони роҳпаймоии автомобилие, ки аз шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфта, тавассути шаҳрҳои Душанбею Хоруғ то ба вилояти Қошғари Чин мерасад,  ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар дарвозаи шаҳри Хоруғ меҳмононро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа истиқбол гирифтанд. Корвони мошинҳо 12 август ба роҳ баромада, баъди се рӯз ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ расид.

Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Қодирӣ гуфт, ки «ҷумҳурии мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дарҳои худро ба рӯи ҳамаи  давлатҳои ҷаҳон боз кард. Даркушоӣ як хислати хуби ниёгони мо буд, зеро аз дарбандӣ то ҳанӯз касе манфиат набардоштааст. Яке аз ҳадафҳои дурнамои давлати мо, ки Пешвои миллат дар оғози истиқлолияти давлатӣ эълом дошта буданд, ин аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани  Тоҷикистон буд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ин ҳадаф ба тадриҷ амалӣ гардид. Ҳоло ҳар касе ё давлате агар бо нияти неку ҳамкории судманди тарафайн  озими кишвари мо шавад, чаҳор дарвозаи Тоҷикистон ба рӯяшон боз аст».

Сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Исоев гуфт, ки «ин роҳи автомобилие, ки мо ҳаракат мекунем, як қисми Шоҳроҳи бузурги Абрешим ба шумор меравад. Ин роҳ на танҳо ба беҳбуди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми Шарқ таъсири амиқ гузошт, балки бо ҳамин роҳ сокинони кишварҳои Аврупо низ аз дастовардҳои улуми тиб, меъморӣ, адабиёт ва фалсафа васеъ баҳра бурдаанд. Мо шодем, ки дар бозкушоии ин роҳи бузург ду давлати ҳамсоя- Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми арзишманд мегузоранд».

Баъди танаффуси кӯтоҳ корвони мошинҳо ҳаракати худро ба самти ноҳияи Мурғоб идома доданд. Пас аз он гузаргоҳи Кулмаро убур карда, вориди хоки Чин мегарданд.

Масире, ки ин корвони мошинҳо  давоми як ҳафта тай мекунанд, 1600 километрро дар бар мегирад.

 

 

Август 15, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд