Дар ҶДММ «Бозори Корвон» мулоқоти роҳбарияти «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорону фурўшандагон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгирии соҳибкорӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон, тақвият додани ҳамкорӣ, риояи қоидаҳои савдо ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ 27 август дар ҶДММ «Бозори Корвон» мулоқоти роҳбарият ва масъулони Агентии «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорону фурўшандагони бозори мазкур доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба саҳми арзишманд доштани соҳибкорон дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ, дастгирии доимии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои амалӣ гардидани онҳо муҳайё будани ҳамаи имкониятҳоро таъкид намуда, сипас оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои савдо, бо либоси ягонаи корӣ пурра таъмин будани фурўшандагони нуқтаҳои савдо, истифодаи тамғаҳои молии дигар ширкатҳо, бе сертификати мутобиқат ба савдо баровардани маҳсулот, одоби муошират бо истеъмолкунандагон, дар даромадгоҳҳо, роҳравҳо ва ҷойҳое, ки барои савдо муқаррар нашудааст, ба савдо машғул нашудан, таъмин нагаштани иҷрои талаботи Стандарти давлатии «Хизматрасонӣ дар бозор» ва амсоли ин изҳори назар намуданд.
Дар самти риоя нашудани қоидаҳои савдо ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, ки аксаран аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, аз ҷумла зикр гардид, ки албатта, ҷарима кардану ба ҷавобгарӣ кашидан роҳи ҳалли ин масъалаҳо нест. Мо бояд пеш аз ҳама, масъулиятшиносу боинсоф бошему талаботи савдоро риоя намоем ва дар охир манфиати шахсии худро аз манфиати ҷомеа болотар нагузорем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои пешрафти Ватанамон ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошему дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили пок ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоем.
Зимни мулоқот бо соҳибкорон оид ба мушкилоти дар фаъолият ҷойдошта, тақвият додани ҳамкорӣ бо мақомот, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи бозори истеъмолӣ, муносибати нозирони давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта суҳбати ошкоро доир гардида, соҳибкорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Иқдоми мазкур барои ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.









Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд






