Дар Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, сохтори мазкур бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ин нукта имрӯз зимни Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сидней, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода, намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизуторӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва корпусҳои дипломативу ташкилоти сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории конфронси имрӯза баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ба ин васила пайдо намудани роҳи нави робитаҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ташаккул ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», ки тамоми самтҳои асосии фаъолияти соҳаро дар мамлакат ба танзим медарорад, қабул шуд. Инчунин бо мақсади паст кардани хавфи офатҳои табиӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 қабул гардида, Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар конфронси диққати асосӣ ба масъалаи ҳамкории байналмилалии сохторҳои дахлдори соҳавӣ равона гардид.
«Аз ҷумла, иштирокдорон масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи қолабии Сендай дар мамлакатҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар дар масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои бузурги табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, равишҳои фарогир, ҳамкории наздисарҳадӣ ва ҷалби сармоягузориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», — иброз дошт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.
Роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа аз раванди тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, дар ин замина, вусъат бахшидани ҳамкории бисёрҷонибаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина, дар доираи конфронс Созишномаи байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Созишномаро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва аз ҷониби Афғонистон Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи офатҳои Афғонистон Наҷиб Ака Фаҳим имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фарҷом Эъломияи душанбегии Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Баронмаи қолабии Сидней қабул гардид.












Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






