Дар Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид

Август 21, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, сохтори мазкур бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ин нукта имрӯз зимни Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сидней, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода, намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои коҳиши  хатари офатҳо хонум Мами Мизуторӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон,  Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва корпусҳои дипломативу ташкилоти сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории конфронси имрӯза  баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ба ин васила пайдо намудани роҳи нави робитаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ташаккул ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», ки тамоми самтҳои асосии фаъолияти соҳаро дар мамлакат ба танзим медарорад, қабул шуд. Инчунин бо мақсади паст кардани хавфи офатҳои табиӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 қабул гардида, Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар конфронси диққати асосӣ ба масъалаи ҳамкории байналмилалии сохторҳои дахлдори соҳавӣ равона гардид.

«Аз ҷумла, иштирокдорон масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи қолабии Сендай дар мамлакатҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар дар масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои бузурги табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, равишҳои фарогир, ҳамкории наздисарҳадӣ ва ҷалби сармоягузориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», — иброз дошт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа аз раванди тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, дар ин замина, вусъат бахшидани ҳамкории бисёрҷонибаро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина, дар доираи конфронс Созишномаи байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Созишномаро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва аз ҷониби Афғонистон Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи офатҳои Афғонистон Наҷиб Ака Фаҳим имзо карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар фарҷом Эъломияи душанбегии Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Баронмаи қолабии Сидней қабул гардид.

 

Август 21, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»