Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлативу байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлативу байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур имрӯз, 29 август зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ муҳокима гардид.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
«Ин аст, ки сафоратҳои ду ҷониб дар Душанбе ва Теҳрон фаъол буда, бештар аз 100 санади ҳамкории байнидавлатии муносибатҳоро ба танзим медароранд», — афзуд манбаъ.
Шукурҷон Зуҳуров ба фаъолияти дипломатии Сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






