Дар вилояти Суғд Озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир мегардад

Август 15, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи сеюми моҳи август дар вилояти Суғд Озмуни вилоятии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади иҷрои  банди 27 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018​ тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Дар озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам»  нонпазҳо ба сокинони  шаҳр тарзи тайёр кардани нони  тоҷикӣ  ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод  менамоянд.

Мақсад аз  баргузории озмун- эҳёи анъанаҳои миллӣ,  тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нон ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 2000 сомонӣ супорида мешаванд.

Август 15, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд