Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар финали Ҷоми Президенти Қазоқистон вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 августи соли 2019 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар финали Ҷоми Президенти Қазоқистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон, ки дар даври сеюм бар дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Литва бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, вомехӯрад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Финали мусобиқаи мазкур дар шаҳри Нур-Султон ба нақша гирифта шудааст. Дастаҳои мунтахаби наврасони то 17- солаи Литва ва то 16-солаи Қазоқистон барои ҷои сеюм ва дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Арманистон бо футболбозони навраси Қирғизистон барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд.
26 август дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи «В» шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалӣ гардиданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд.
Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Президенти Қазоқистон дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон муайян шуд. Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2019
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври дуюм
Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз карда буд. Рақиби футболбозони навраси тоҷик дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Арманистон ба ҳисоб мерафт. Дар ин вохӯрии ҷолиб бозингарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.
Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Гурӯҳи «В»
Бозиҳои даври якум
Арманистон (U-17) – Казахстан (U-16) – 2:2
Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1
Голҳои Тоҷикистонро: Сунатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






