«ДИДОРИ НАСЛҲО». Имрӯз дар Душанбе мулоқоти варзишгарони ҷавон бо собиқадорони соҳа доир гардид

Август 8, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 08.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дидори наслҳо» мулоқоти варзишгарони ҷавону муваффақ бо собиқадорони соҳа доир гардид.

Зимни мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки  имрӯз варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат   ва муаррифи  миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ҳоло  тамоми шароити маишиву тамринӣ ва фароғатӣ  барои варзишгарони ҷавон муҳайё карда шудааст. То ҷавонон аз он бархурдор шуда,  парчами Тоҷикистонро  дар арсаи байналмилалӣ    баланд  бардоранд.

Ба ибрози номбурда,  агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5 ҳазор расидааст, ки ин 40 маротиба зиёд мебошад.

«Ҳоло баҳри тамрини  варзишгарон  ҳудуди 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд.  Танҳо  давоми ду соли охир  ба истифода додани беш  аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат  нисбат ба соҳаи варзиш  дарак медиҳад»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Бояд  зикр намуд, ки  бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар шаш моҳ  дар 65 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 231  медал ба даст оварданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 адад зиёд мебошад.

Август 8, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд