Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Душанбе-2019»- муаррифи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Август 5, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2019/АМИТ  «Ховар»/. Рӯзҳои 8-10 августи соли равон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони  Форум  ва Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019» мегардад. 

Ин форуми сатҳи баланд дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардида,  ҳадафаш  рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳии байналмилалӣ,  муаррифии  имкониятҳои сайёҳии  Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои  рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии мамлакат мебошад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки   дар Форум  аъзои Ҳукумат, Парлумони Тоҷикистон,  роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  Созмони ҷаҳонии  сайёҳӣ, роҳбарони  ширкатҳои  сайёҳии ватанию хориҷӣ ва олимону коршиносони бахши сайёҳӣ иштирок менамоянд.

Форуми байнамилалӣ дар чор бахш –ҷалби  сармоя ба инфрасохтори  сайёҳӣ,   сайёҳӣ –омили  муҳими густариши робитаҳо, сайёҳии экологӣ, кӯҳнаварадӣ ва таърихию фарҳангӣ, сайёҳии табобатию солимгардонию рекреатсионӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ   ва пайомадҳои  иқтисодии он  баргузор гардида, иштирокдорон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи туризм ва инфрасохтори он, тақвияти ҳамкории байналмилалии сайёҳиро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Боғи  фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»  Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ гузаронида мешавад, ки дар он имкониятҳо ва дастовардҳои сайёҳии сарзаминамон муаррифӣ  мегардад.

Инчунин интизор меравад, ки иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ  бо мақсади   шиносоӣ бо фарҳангу  тамаддун, таърихи бостонию муосири  тоҷикон ва манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон аз Қалъаи Ҳисор, чойхонаи «Харбуза», ангурзори  шаҳри Турсунзода, Неругоҳи барқи обии Норак, мавзеъҳои сайёҳию истироҳатии Варзоб, «Кохи Наврӯз», Боғи «Куруши Кабир, «Осорхонаи  миллии Тоҷикистон» ва Боғи Парчами Тоҷикистон боздид намоянд.

 

Август 5, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд