ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Афғонистон вомехӯрад
ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 1 август сабқатҳои даври панҷуми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA -2019 баргузор мегарданд. Дар даври панҷум дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Ёдовар мешавем, ки 30 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эронро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуд. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. Бозии ояндаи худро дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон 1 августи соли равон доир мекунад. Барои мо танҳо як имтиёз зарур аст, то ки дар ин мусобиқа қаҳрамон шавем.
Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон хотима ёфт. Дар як вохӯрии дигар дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад Дар айни замон дастаи мунтахаби наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал мебошад.
Даври 4-ум
Эрон – Тоҷикситон – 0:3
Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).
Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3
Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).
Туркманистон – Қирғизистон – 1:0
Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.
29 июли соли равон сабқатҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA -2019 баргузор гардиданд. Дар даври сеюм дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон аз дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон аз дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо натиҷаи 1:0 шикаст хӯрд.
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0
Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)
Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3
Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди Тинибеков, 46 (2:3).
Голҳо:
Эрон – Афғонистон – 0:1
Голҳо: Аҳмад Закарёи Ҳуссайнӣ, 66.
Хотиррасон менамоем, ки 26 июли соли равон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1-уми Чемпионати CAFA бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.
Бозиҳои дигари ҳамин гурӯҳ низ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд. Дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон дидорро бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Даври 1-ум
Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).
Туркманистон – Эрон – 1:3
Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).
Афғонистан – Қирғизистон – 2:2
Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).
27 июли соли 2019 дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Бозии ин дастаҳои мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланду хотирмон доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.
Дар бозиҳои дигар дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Даври 2-ум
Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0
Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).
Афғонистон – Туркманистон – 1:0
Голҳо: Аҳмад Закарёи Ҳуссайнӣ, 22.
Ӯзбекистон – Эрон – 1:2
Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA U-16 тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.









Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид






