ФУТБОЛ: «Истиқлол», «Ҳулбук», «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки 27 август баргузор шуданд, чаҳор дастаи ширкаткунандаи даври нимфиналиро муайян карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Футболбозони «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ дастаи «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохтанд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи меҳмон – КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи футболи «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бозиро дар майдони худ бо дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонид.
Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи ду бозӣ чаҳор дастаи ғолиб ба даври нимфиналӣ роҳ пайдо карданд. Дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол» бо «Ҳулбук» ва «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали нимфиналӣ 1 октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3 ноябр доир мегарданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
«Истиқлол» – «Эсхата» – 6:0
Голҳо: Аҳтам Назаров, 31 (1:0). Алишер Ҷалилов, 33 (2:0). Шериддин Бобоев, 50 (3:0). Шериддин Бобоев, 58 (4:0). Искандар Ҷалилов, 76 (5:0). Муҳаммад Ҳакимзода, 84 (6:0).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
27 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.
Бозии аввал – 2:1.
«Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0
Гол: Дилшод Бозоров, 83.
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
27 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошогар.
Бозии аввал – 2:0.
«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:1
Голҳо: Вахдат Ханонов, 1 (0:1). Алишер Холмуродов, 71 (1:1). Диловаршо Ғаниев, 74 (2:1).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
27 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».
Бозии аввал – 1:1.
«Дӯстӣ» – «Ҳулбук» – 2:2
Голҳо: Шараф Саидов, 11 (0:1). Насим Маҳмадқулов, 36 (0:2). Рустам Муродов, 42 (1:2). Эроншо Равенов, 45 (2:2).
27 август. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
Бозии аввал – 1:2.
1/2 финал. Бозиҳои аввал
1 октябр (сешанбе)
«Истиқлол» – «Ҳулбук»
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
2-3 ноябр (шанбе, якшанбе)
«Ҳулбук» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






