Футболбозони ноҳияи Нуробод дар чор бозӣ ғолибият ба даст оварданд

Август 29, 2019 17:10

НУРОБОД, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар байни дастаҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни Лигаи дуюм идома дорад.

Дастаи ноҳияи Нуробод бо дастгирии бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия зери сарпарастии мураббӣ Сайёд Барфов чор бозӣ гузаронида, дар ҳамааш ғолиб баромад.

Тибқи иттилои бахши ҷавонони ноҳия, футболбозони ноҳияи Нуробод бозиҳоро бо  дастаҳои  шаҳри Роғун ва  ноҳияи Лахш бо ҳисоби якхелаи  4-2, ноҳияи Сангвор 3-0 ва бо футболбозони   ноҳияи Рашт бо ҳисоби  2-0 анҷом доданд.

Ин пирӯзӣ футболбозони ноҳияи Нурободро  рӯҳбаланд намудааст. Ҳоло онҳо барои муваффақона гузаронидани бозии навбатӣ бо футболбозони ноҳияи Тоҷикобод омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Август 29, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод