ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

Август 22, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020  бо дастаи мунтахаби футзали  Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  ҚУРБОН  бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ,  вохӯрии  рафиқона миёни  дастаҳои  мунтахаби   Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 25-26  сентябр дар шаҳри Дубай баргузор мешавад. Футзалбозони  тоҷик   дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шомили гурӯҳи «А» буда, бо дастаҳои мунтахаби  Непал (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯзбекистон (25 октябр) бозӣ мекунанд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал дар  Эрон доир мешавад. Ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳхат пайдо мекунанд.

Август 22, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд