ГӮШТИН. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Эстония иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Таллини Эстония Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон ҷараён дорад, ки дар он ду нафар варзишгарони тоҷик Асламҷон Азизов ва Далер Ризозода аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, чемпионати мазкур 12 август оғоз гардида, то 18 август идома меёбад. Дар ин чемпионат беҳтаринҳои ҷаҳон аз рӯи гӯштини тарзи озод (10 вазн), гӯштини бонувон (10 вазн) ва юнонӣ-римӣ (10 вазн) миёни ҷавонон муайян мегарданд.
«Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 67 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок менамоянд. Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Далер Ризозода дар вазни 72кг аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар Эстония сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон Равшан Ҳайдаров ҳамроҳӣ дорад. Қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ 16-18 август баргузор мешаванд», — омадааст дар хабари манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли равон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра ва дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид. Асламҷон Азизов дар Мусобиқаи байналмилалӣ миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






