Гулнора Ҳасанзода: Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2020 бо се тарз- тавассути интернет, планшет ва қоғаз гузаронида мешавад

Август 2, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020   тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз- тавассути    интернет, планшет ва  қоғазӣ гузаронида мешаванд. 

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода иброз намуд.

Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки дар лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ  ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»  дар бораи муваққатан боздоштани  ивази номи кӯчаву маҳалла,  деҳаҳо ва тағйироти  маъмурию  ҳудудӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи мазкур айни замон  дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.

Г.Ҳасанзода иброз дошт, ки масъалаи аз ҳама  муҳими корҳои давраи тайёрӣ барои гузаронидани  маъракаи дар пеш истода- ин тайёр намудани маводи картографӣ мебошад. То 1 июли соли 2019 дар 27 шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои схематикӣ ва дар 31 шаҳру ноҳия харита  омода шуда, дар марҳилаи  мувофиқа ва тасдиқи макони ваколатдори давлатӣ (Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезӣ) қарор доранд.

Инчунин зикр гардид, ки  барои таҳияи  лоиҳаи буҷет барои рӯйхатгирии соли 2020 шумораи тақрибии кормандони муваққатӣ ва  маводи зарурӣ барои гузаронидани ин маърака муайян карда шудааст. Айни ҳол барои муваффақона гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ корҳо идома доранд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009   қабул карда шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви Созмони Милали Муттаҳид  дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ду маротиба-солҳои 2000 ва 2010 маъракаи  сиёсии ҷаҳонии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил»-ро гузаронидааст.

Август 2, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад