Хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бо нақшу нигори миллӣ навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъулин дастуру супориш медиҳанд, ки зимни бунёди ишооти гуногун дар мамлакат нақшу нигор ва дигар унсурҳои миллӣ ба назар гирифта шуда, аз онҳо истифода бурда шавад. Дар ҳамин замина, зимни навсозии хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт гулгаштҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо воситаҳои ороишии дорои хусусиятҳои миллӣ насб гардидаанд.
Тавре муовини раиси ноҳия Аббос Саймиддинзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, навсозии хиёбони мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
«Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳои бунёди иншоот таҳия шуда, бо роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим комиссияи корӣ ташкил гардида, алҳол корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд»,- афзуд А.Саймиддинзода.
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ, 150 партовгоҳ ва роҳу кӯпрукҳои мошингард ба нақша гирифта шудаанд.
Алҳол дар ҳудуди ноҳия рангу бори намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва навсозии роҳҳои мошингард бо маром идома дорад. Соҳибкорон ва нафарони саховатпеша дар ободонӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми назаррас доранд. Алҳол аз ҷониби онҳо чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар идома дорад.
Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳия Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшидании КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» таъсис ёфт.
Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»















«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






