Хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бо нақшу нигори миллӣ навсозӣ карда мешавад

Август 24, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъулин дастуру супориш медиҳанд, ки  зимни  бунёди ишооти гуногун дар мамлакат    нақшу нигор ва дигар унсурҳои миллӣ ба назар гирифта шуда, аз онҳо истифода бурда шавад. Дар ҳамин замина, зимни навсозии хиёбони  Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт  гулгаштҳои  нави   мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо воситаҳои ороишии дорои хусусиятҳои миллӣ  насб гардидаанд.

Тавре муовини раиси ноҳия Аббос Саймиддинзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, навсозии хиёбони мазкур дар асоси  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

«Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳои бунёди иншоот таҳия шуда,  бо роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим  комиссияи корӣ ташкил гардида, алҳол  корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд»,- афзуд А.Саймиддинзода.

Номбурда ҳамчунин  иттилоъ дод, ки то  таҷлили ин ҷашни  таърихӣ  дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ, 150 партовгоҳ ва роҳу кӯпрукҳои мошингард ба нақша гирифта шудаанд.

Алҳол дар ҳудуди ноҳия рангу бори намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва навсозии роҳҳои мошингард бо маром идома дорад. Соҳибкорон ва нафарони саховатпеша  дар ободонӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми назаррас доранд. Алҳол  аз ҷониби онҳо  чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар идома дорад.

Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳия Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшидании КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» таъсис ёфт.

Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 24, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад