Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфа ба 100 ятими кул дар шаҳри Бӯстон
ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон иншооти хизматрасонии «Бӯстон»-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Масоҳати умумии бино 0,4 га — ро ташкил дода, сохтмони он моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида буд.
Бинои мазкур аз чор ошёна иборат буда, дорои тарабхонаи муосир барои қабули 150 нафар, меҳмонхона бо 20 ҳуҷра бо 40 ҷой мебошад.
Баъди ифтитоҳи бинои маркази хизматрасонӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кул туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Ин тадбири муҳим, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, боиси хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намудаанд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо тақдими туҳфаҳо хушҳол гардонида, таъкид доштанд, ки онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии Ватан дастгирии маъюбон, ятимон, бепарасторон ва ниёзмандон дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ҳама иду айём ва ҷашнҳои миллӣ ин амали саховатмандонаву инсондӯстона ба хотири шодию нишоти кӯдакону барҷомондагон ва ниёзмандон, амалӣ мегардад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






