MADE IN TAJIKISTAN. Бори аввал автобусҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба мусофирон хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 15.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори аввал ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро, ки истеҳсоли ватанӣ маҳсуб мешаванд, ба корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе барои хизматрасонӣ ба мусофирон ирсол намуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар корхонаи мазкур марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими расмии интиқоли автобусҳо масъулин зикр карданд, ки корхонаи мазкур тибқи фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то охири соли равон боз 90 автобуси дигар истеҳсол намуда, ба корхонаҳои мусофиркашонии пойтахт интиқол медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар баробари истеҳсол додани муҳлати кафолатӣ ва хизматрасонии касбӣ аз ҷониби ширкат пешбинӣ гардидааст.
Мавриди ёдоварист, ки 19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар н
оҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Сохтмони корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Аве
сто Автоматив Индастри» ба итмом расонида шуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шуда, фаъолияти он баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии мамлакат равона шудааст.
Дар мавриди пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштарак дар инҷо дар як сол то 300 адад автобус истеҳсол гардида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хатти истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 100 млн. сомониро дар бар мегирад.
Дар корхонаи мазкур 6 хатти истеҳсолӣ мавҷуд аст: хатти кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, басту банди механикию электрикӣ ва назорати ниҳоии сифат. Ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки 200 адад автобусҳои харидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шарти банду басти минбаъда дар ҳудуди мамлакат аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» анҷом дода шуд.
Имрӯз дар корхона мутахассисон барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, бо ҷараёни истеҳсолот- аз аввал то ба итмом расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт шинос шуданд.
Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ сари вақт банду баст ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳоро ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид. Дар айни замон шумораи зиёди автобусҳои таҳвилёфта ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ бандубастгардида дар хатсайрҳо ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.
Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5», дорои муҳаррики ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва ширкати немисии «Zahnrad Fabrik», инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд.
Тибқи нақша, дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 ҷой- 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.
Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд. Ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда расонида, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо зиёд мегардад. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли бароҳати мусофирон хизмат мерасонанд.
Фаъолияти корхонаи муштарак ба қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содироти он ба кишварҳои минтақа равона гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


















Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






