Машварати Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар Хоруғ ба масъалаи риояи талаботи нақшаи генералӣ зимни бунёди иншоот бахшида шуд
ХОРУҒ, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон» машварат баргузор намуд. Дар он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сармеъморон, намояндагони кумитаи идораи замин, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, таъмини барқ, роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ ширкат намуданд.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳматуллозода гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории машварат-ин амалисозии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба мақсаднок, самараноку оқилона истифода бурдани замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина беҳтар кардани ҳамкории сохторҳои соҳавӣ мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани хизматрасониҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» таъсис дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо барои фаъолияти пурсамари он утоқи корӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷудо мегардад. Қаблан сокинони шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани қитъаи замин ва бунёди манзил маҷбур мешуданд, ки ба идораву муассисаҳои гуногун муроҷиат намуда, танҳо баъди таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зиёд ба муроҷиати худ посух гиранд. Ҳоло ҳамаи ин вазифаҳоро маркази мазкур ба уҳда дорад.
Ба гуфтаи сармеъмори шаҳри Хоруғ Алишер Ғоибназаров, дар замони истиқлолият дар шаҳри Хоруғ биноҳои хуштарҳу зебо бунёд гардида, симои шаҳрро ба куллӣ тағйир додаанд. Се даҳсола пеш сохтмони биноҳои баландошёнаро дар ҳудуди вилоят ғайриимкон мешумориданд ва меъморону муҳандисон аз бунёди чунин иморатҳо худдорӣ мекарданд. Дар ҳоле ки дар шароити камзамини манотиқи кӯҳистон ягона воситаи таъмини аҳолӣ бо хонаи истиқоматӣ- ин бунёди биноҳои баландошёна мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Хоруғ се бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохта, дар канорашон сохтмони бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ идома дорад. Соли оянда ин бинои истиқоматӣ мавриди истифода қарор мегирад ва дар паи он боз сохтмони як бинои дигари истиқоматии 11-ошёна оғоз меёбад. Дар маҷмӯъ, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 30 иншооти хурду бузург бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар назар аст.
Зимни машварат зикр шуд, ки ташкили равзанаи ягона ва ба роҳ гузоштани иртиботи электронӣ байни сохторҳои соҳаи мазкур бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ бисёр монеаҳои сунъиро аз байн мебарад.








Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»






