Машварати Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар Хоруғ ба масъалаи риояи талаботи нақшаи генералӣ зимни бунёди иншоот бахшида шуд

Август 31, 2019 11:11

 ХОРУҒ, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон»  машварат баргузор намуд.  Дар он  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сармеъморон, намояндагони кумитаи идораи замин, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, таъмини барқ, роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ ширкат намуданд.

Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳматуллозода гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории машварат-ин амалисозии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба мақсаднок, самараноку оқилона истифода бурдани замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина беҳтар кардани ҳамкории сохторҳои соҳавӣ мебошад.

Бо мақсади  ба танзим даровардани  хизматрасониҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» таъсис дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо барои фаъолияти пурсамари он утоқи корӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷудо мегардад. Қаблан сокинони шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани қитъаи замин ва бунёди манзил маҷбур мешуданд, ки ба идораву муассисаҳои гуногун муроҷиат намуда, танҳо баъди таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зиёд ба муроҷиати худ посух гиранд. Ҳоло ҳамаи ин вазифаҳоро маркази мазкур ба уҳда дорад.

Ба гуфтаи  сармеъмори шаҳри Хоруғ Алишер Ғоибназаров, дар замони истиқлолият дар шаҳри Хоруғ биноҳои хуштарҳу зебо бунёд гардида, симои шаҳрро ба куллӣ тағйир додаанд. Се даҳсола пеш сохтмони биноҳои баландошёнаро дар ҳудуди вилоят ғайриимкон мешумориданд ва меъморону муҳандисон аз бунёди чунин иморатҳо худдорӣ мекарданд. Дар ҳоле ки дар шароити камзамини манотиқи кӯҳистон ягона воситаи таъмини аҳолӣ бо хонаи истиқоматӣ- ин бунёди биноҳои баландошёна мебошад.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ се бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохта, дар канорашон сохтмони бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ идома дорад. Соли оянда ин бинои истиқоматӣ мавриди истифода қарор мегирад ва дар паи он  боз сохтмони  як бинои дигари истиқоматии 11-ошёна оғоз меёбад. Дар маҷмӯъ, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 30 иншооти хурду бузург бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар назар аст.

Зимни машварат зикр шуд, ки ташкили равзанаи ягона ва ба роҳ гузоштани иртиботи электронӣ байни сохторҳои соҳаи мазкур бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ бисёр монеаҳои сунъиро аз байн мебарад.

Август 31, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд