Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад

Август 8, 2019 08:41

ДУШАНБЕ, 08.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд.  Дар ин бора  сармураббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Россия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсад  аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон  мебошад.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  4 рӯз идома меёбад. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

 

Август 8, 2019 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд