ОБРО БОЯД САРФА НАМУД! Раиси шаҳри Хоруғ ба КВД «Обу корез» як моҳ муҳлат дод, то идораву муассисаҳои давлатию хусусиро бо ҳисобкунакҳои об таъмин намояд
ХОРУҒ, 03.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез»-и шаҳри Хоруғ дар нишасти хабарӣ изҳор доштанд, ки сокинони шаҳр дар як шабонарӯз ба 8 ҳазор мукааб метр об ниёз доранд, аммо ҳамарӯза аз се ҳавзи обнигоҳдории шаҳри Хоруғ ба манзили сокинон ва идораву муассисаҳои шаҳр 14 ҳазор мукааб метр оби ошомиданӣ тавассути қубурҳои обгузор ҷорӣ мешавад. Агарчӣ ба шаҳр назар ба эҳтиёҷоти аҳолӣ як баробар бештар об сар дода мешавад, боз ҳам дар аксари маҳаллаҳои шаҳр реҷаи махсуси тақсими об ҷорӣ гардидааст. Пас саволе ба миён меояд, ки қариб як баробар ҳаҷми об куҷо меравад ва чаро нисфи ҳаққи истифодаи об ба корхона барнамегардад?
Сардори корхонаи мазкур Дӯсталӣ Худоёров гуфт, ки «яке сабабҳои асосии коҳиш ёфтани фишор ва миқдори об- ин кӯҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обрасонӣ мебошад. Зеро аз рӯзи васлу насб гардидани қубурҳои обгузар зиёда аз 50 сол мегузарад ва нисфи об ба манзили сокинон нарасида, дар роҳ талаф меёбад. Сабаби дуюм- аз меъёр зиёд истифода бурдани об аз сӯи шаҳрнишинон ва сарпечӣ кардани онҳо аз пардохти ҳаққи истифодаи об мебошад».
Зикр шуд, ки чунин нуқсу камбудиҳо корхонаро қариб ба муфлисшавӣ рӯ ба кардааст. Яке замини наздиҳавлигиашро бо оби пок обёрӣ карда, то ним тонна об сарф менамояд. Дигарӣ, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, ҳамагӣ 10-12 литр об масраф мекунад. Азбаски ҳарду ҳисобкунак надоранд, пардохти ҳаққи обашон баробар аст.
Чунин вазъият аз як сӯ ба нофаҳмиҳои зиёд байни корхона ва муштариён оварда мерасонад ва аз сӯи дигар, корхонаро ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ мекунад. Ҳоло корхона дар назди ширкати «Помирэнерҷӣ» 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, аз Бонки аврупоӣ зиёда аз миллион сомонӣ, аз нозироти андози шаҳр 580 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Аз ин рӯ раиси шаҳр ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез»-и шаҳр дастур дод, ки ҳамаи истеъмолкунандагон ва дар навбати аввал идораву муассисаҳои давлатию хусусӣ ва ҷамъиятиро бо ҳисобкунакҳои об таъмин кунанд.
Давоми ҳафтаи охир дар 25 бинои идораву муассисаҳо ҳисобкунакҳои об васл карда шуданд. Агар то охири моҳи август корхонаю муассисаҳои ҳудуди шаҳр васл кардани ҳисобкунакҳоро ба таъхир гузоранд, аз истифодаи минбаъдаи об маҳрум мемонанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






