ОФАРИН, МИЛИТСИЯИ САЙЁҲӢ! Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе фаъолият ва касбияти кормандони ин ниҳодро ситоиш намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе бо ирсоли як нома ба унвони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолият ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии ин ниҳод ситоиш кардааст.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 18 августи соли равон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд. Дар дохили ҳамён ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ мавҷуд буда, ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка тааллуқ доштааст.
«Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран ба воситаи Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамёнро ба соҳибаш баргардониданд. Сафорат дар навбати худ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода номаи сипос ирсол ва фаъолияту касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро зикр намуд»,- омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамёни худ ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Умедҷон Саидов изҳори сипос намудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввали соли 2018 дар назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шуъбача аз 40 нафар корманд иборат буда, бо мошину таҷҳизоти зурурӣ таъмин аст ва дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Вазифаи асосии кормандони шуъбаи мазкур таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба онҳо мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, милитсияи сайёҳии Тоҷикистон бори нахуст ба сайёҳони хориҷӣ 9 августи соли 2018 кумак расонида буд. Он рӯз сайёҳ аз ИМА Мэтю Пушел ҳамроҳи завҷа ва кӯдаки хурдсолаш дар Душанбе сайр мекард ва дар такси ҳамён ва пулҳояшро гум мекунад. Чашми Мэтю ба мошини милитсия меафтад ва зуд ба ронандаи он- корманди милитсия дар бораи ҳодисаи рухдода муроҷиат мекунад. Дар натиҷа кормандони милитсияи сайёҳӣ дар бадали ҳамагӣ 20 дақиқа ҳамён ва пулҳои гумшударо ёфта, ба соҳибаш баргардониданд.
Ғайр аз ин, нимаи аввали ҳамин моҳ кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ба шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомило, ки ба онҳо оид ба гум шудани сумкаи худ дар роҳи Хуҷанд-Душанбе хабар дод, кумак расониданд. Онҳо ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расониданд ва мототсикли ӯро таъмир намуда, то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо мошини хизматӣ бурда расониданд.
Милитсияи сайёҳӣ инчунин 8 августи ҳамин сол ба сайёҳи дигари хориҷӣ, шаҳрванди Австралия Алфредо Стефан Ричард, соли таваллудаш 1973, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд, дасти мадад расонид.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд намуд. Тайи солҳои охир чандин маротиба мамлакати мо дар раддабандиҳои байналмилалӣ мақоми назаррас касб намуда, аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амнтарин арзёбӣ карда, ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки ба ин мамлакат сафар кунанд.












Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






