Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуданд

Август 20, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

Боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои италиявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.

Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои анъанавӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он аллакай дар соли якуми сабзиш қисман ба ҳосил омада, дар соли дуюм ба таври назаррас ҳосилдеҳ мешаванд.

Масалан барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим мебошад. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3-4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.

Масофаи миёни ниҳолҳо як метр ва масофаи миёни қаторҳои боғ 4 метр буда, дар як гектар замин 2500 бех ниҳол шинонида шудааст. Айни ҳол дар боғи мазкур 4700 бех дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла навъҳои “Галла”, “Гранни Смит” ва “Голден делишес” парвариш ёфта истодаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи мазкур моҳи апрели соли 2018 бунёд шуда, соли дуюм аст боровар шудааст.

Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта, бо технологияи навтарин ба роҳ монда шуда, ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешаванд. Ниҳолҳо низ бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки бунёди боғҳои интенсивиро дар дигар қитъаҳои ноҳияи хушбоду ҳаво васеъ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздиди боғи интенсивии дарахтони себ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ деҳқонони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузошта буданд.

Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бештар ба кишту парвариши картошка машғул мебошанд ва дар ин намошгоҳ намудҳои гуногуни ҳосили ин навъи зироати кишоварзӣ, ки бо заҳмати зиёд ба даст оварда шудааст ба маъраз гузошта шуд. Боғдорӣ низ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба таври густурда рушд намудааст. Иқлими ноҳия барои хушконидани зардолу мусоид буда, дар ин шароит сифатнокӣ ва бехатарии ин навъи мева таъмин мебошад. Ба маъраз гузошта шудани навъҳои зиёди зардолу дар ин намоишгоҳ заҳмати пайваста ва дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доштани сокинонро бозгӯ мекунад.

Дар маҷмуъ дар номоишгоҳи дастовардҳои сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама намуди ҳосили зироати кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуд ва ба он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлат зимни суҳбату вохӯрӣ бо кишоварзони ноҳия барои боз ҳам афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка маслиҳати муфид доданд.

Боздид аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 20.08.2019

Август 20, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд