Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

Август 21, 2019 09:39

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонида шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст.

Инчунин дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 роҳаткурсӣ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо адад чароғҳои ранга насб гардидаанд.

Дар масоҳати 4120 метри мураббаи роҳравҳо сафолакҳои ранга чинда шуда, майдони 4413 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор мераванд.

Ифтитоҳи боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич 21.08.2019

Август 21, 2019 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон