Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Ховалинг мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як зумра иншооти нави маъмурию хизматрасонӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ифтитоҳи иншооти муҳим дар марказ ва деҳоти ноҳия нишона аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо неруи тозаву ғайрати дучанд иштирок намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ заҳмат мекашанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сокинони заҳматқарини ноҳия дар мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ободию пешрафти бештари ноҳия заҳмат мекашанд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






