Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Зафаробод мулоқот намуданд

Август 22, 2019 13:52

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра  иншооти таъйиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиён ва дар шахси онҳо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборак намуда, ба хонадони онҳо саодати рӯзгорро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Зафаробод 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020” 106 лоиҳа ба маблағи умумии 145 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тайи сеюним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст ва ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад.

Айни ҳол дар ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, то имрӯз дар доираи он 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супориш доданд, ки бо истифодаи имкониятҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охир бори дигар Президенти мамлакат ҳамаи ҳозиринро бо иди дар пешистода- солгарди навбатии Истиқлолият таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори обод орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар пешрафти ноҳия ва ободии Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.

Баъди суханронии Сарвари давлат чанд тан аз сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, аз рушду пешрафти мамлакат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат шукргузорӣ намуданд.

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Зафаробод 22.08.2019

Август 22, 2019 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд