Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод «Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 22, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.

Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дӯконҳои фурӯши обҳои ташнагишикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуданд.

Атрофи боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, ҳамчунин барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар вақти сохтмон коргарон бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутунҳои дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззобу назаррабо менамояд.

Дар ҳудуди боғ ҷӯйҳои оби равон, роҳравҳо бо сафолакҳои ранга, чароғҳои рангаи равшанидиҳандаю ороишӣ сохта шудаанд, ки аз ороишоти дигари боғ маҳсуб меёбанд.

Баъди бунёди чунин як маркази муосири истироҳатию фароғатӣ сокинони ноҳия метовонанд дилхоҳ чорабинии фарҳангии худро бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир намоянд.

Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафаробод дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ гардид.

Ифтитоҳи “Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ” дар ноҳияи Зафаробод 22.08.2019

Август 22, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон