ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Шаҳрнишин будан ва дар шаҳр зиндагӣ кардан масъулияти бузург талаб мекунад

Август 27, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар чор ноҳияи пойтахт барои нигоҳдошти гулгашту майдончаҳои варзишӣ муассисаҳо таъсис ёфта, шахсони масъул барои нигоҳубини онҳо вобаста гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қаламрави мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, даҳҳо боғу гулгаштҳои сабзу хурррам,  марказҳои нави  фарҳангию фароғатӣ  ва садҳо майдончаю маҷмааҳои  варзишию  истироҳатӣ ва солимгардонӣ барои  наврасону ҷавонон ба истифода дода мешаванд.

Натиҷаи заҳмату талоши Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯз Душанбе ба шаҳри афсонавӣ табдил гардида, тайи чанд соли охир симои он куллан дигаргун шудааст. Ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ далели ин гуфтаҳост.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Директори муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов иброз дошт, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе дар солҳои 2017-2018 аз ҷониби вазорату идораҳо,   мақомоти шаҳри Душанбе инчунин соҳибкорон дар пойтахти мамлакат зиёда аз 185 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона ба истифода дода шуданд. Инчунин то охири соли равон сохтмони 58 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона дар назар дошта шуда, соҳибкорону ташаббускорон пайваста саҳми худро дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат мегузоранд.

Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки тӯли як сол аз истифодаи нодурусти баъзе аз сокинони мамлакат ва беаҳамиятии онҳо аксари иншооти мазкур хароб гардидаанд. Бархе шаҳрвандони мамлакат ба ҷои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ, баръакс  дағалрафториву беэътиноиро пеша мекунанд. Ҳатто дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои  пойтахт даҳлезу роҳравҳо ва атрофи биноҳои  истиқоматиро сокинони он ифлос мекунанд, ки аз диданашон табъи кас хира мегардад.  Маълум аст, ки дар чунин муҳити  ифлос бозӣ  кардани кӯдакон  сабаби ба ҳар гуна  бемориҳои сироятӣ  гирифтор  гардидани онҳо мегардад.

Мавсуф дар хусуси беаҳамиятӣ зоҳир намудани сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ба тозагии атроф изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки «дар ҳақиқат баъзе сокинони пойтахт ба ҷои саҳм гузоштан дар ободкорӣ, рафтори баръакс мекунанд. Баъзе аз майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳо аллакай таъмирталаб  ва ашёи  барои бозии кӯдакон пешбинишуда шикастаю корношоям гардидаанд. Аз ин хотир бо супориши Раиси шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи пойтахт барои нигоҳдошти ин гулгаштҳо муассисаҳо ташкил ва ба  онҳо шахсони масъул вобаста карда шудаанд.  Гарчанде ки дар ҳар як майдонча шахсони масъул фаъолият намоянд ҳам, агар аз ҷониби шаҳрвандон ба ин рафтори нодурусти бархе наврасону кӯдакон беэътиноӣ зоҳир гардад, натиҷае ба даст намеояд»,- изҳор дошт  Раҳматшо Камолов.

Ба зикри номбурда, агар ҳар як шаҳрванд дар тоза нигоҳ доштани атрофи хона ва макони бозии кӯдаки худ саҳм нагузорад, ҳеҷ пешравию ободӣ ба даст оварда намешавад.

«Аз ҷониби муассиса оид ба тарзи дуруст истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраку маҳалҳо вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд. Инчунин роликҳои таблиғотӣ барои дуруст истифода бурдани майдончаҳо ба воситаи телевизион пахш  мегарданд»-илова намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки шаҳрнишин будан ва дар шаҳр зиндагӣ намудан, пеш аз ҳама, масъулияти бузург талаб мекунад. Зеро ҳар як меҳмоне, ки ба давлати мо меояд, сараввал ба муносибати мардуми шаҳрҳо, бахусус сокинони пойтахт ва ба фарҳангу арзишҳои миллии мо баҳо медиҳад. Аз ин хотир имрӯз мо дар иҷрои фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд дорем.

Ба таъкиди роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, шаҳр- ин оинаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир сокини пойтахт бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор  намунаи ибрат ва дорои фарҳанги воло бошад. «Ҳамасола дар ҳудуди пойтахт, ки теъдоди зиёди мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо вуҷуд доранд, аз тамоми манотиқи мамлакат ҷавонон барои таҳсил меоянд. Бояд бо онҳо соатҳои тарбиявӣ гузаронида, фарҳанги муносибати шаҳрнишинӣ ва дигар меъёрҳои ба талаботи шаҳр ҷавобгӯро омӯзонанд. Масалан, чӣ гуна рафтор намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ, гаштугузор дар шаҳр, муносибат дар хобгоҳу ҳуҷраҳои иҷоравиро бояд фаҳмонид. Инчунин дар ин самт ронандагони воситаҳои нақлиётӣ низ набояд бетарафӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракати роҳро дар шаҳр риоя намуда, дар ҷойҳои пиёдагард, чароғаку аломатҳои роҳгузар ҳаракати нақлиёташонро хуб идора намоянд. Сокинон бояд тибқи тарифҳои муқарраргардида пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партовҳоро) анҷом дода,  истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд»,- баён дошт мавсуф.

«Мақомоти интизомию дахлдор бояд барои ба низом даровардани рафтори шаҳрвандон миёни мардум кор баранд. Зеро ҳамарӯза мо мушоҳида менамоем, ки бархе аз ҷавонону сокинони пойтахт рафтори аз доираи ахлоқ берун намуда, одитарин меъёрҳои фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намекунанд. Масалан, партовҳоро дар ҳар куҷое, ки хоҳанд мепартоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳатто нисбат ба якдигар дашному суханони қабеҳ раво мебинанд, ки боиси таассуф аст»,- мегӯяд номбурда.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» он нафароне, ки чунин муносибати ношоистаро нисбат ба ин майдончаҳои бозию варзишӣ раво мебинанд, бояд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда муҷозот шаванд, то барои дигарон панд гардад.

Дар робита ба ин сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии пойтахт Файзигул Қурбоналиева иброз дошт, ки сокини шаҳр будан ифтихору сарбаландист ва масъулияти зиёд низ талаб мекунад. «Мутаассифона, на ҳама сокинон одобу рафтори шаҳрнишиниро ба ҷо меоранд. Масалан, баъзе занони хонашин ба баҳонаи ба ҳавои тоза баровардани кӯдакон соатҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нишаста, бо дугонаҳои худ саргарми суҳбат мешаванд. Вале ба рафтору бозии кӯдаконашон тамоман диққат надода, одитарин қоидаҳои санитариро риоя намекунанд. Кӯдакон аз беназоратии волидайн ва атрофиён истифода бурда,  донаҳои офтобпараст, қуттиҳои холии об ва дигар ифлосиҳоро ба замину ҷӯйборҳо  мепартоянд. Ин ҳама аз як тараф ҳусни атрофро коста намуда, аз тарафи дигар сабаби пайдо гардидани ҳар гуна бактерияҳо мегардад»,-мегӯяд номбурда.

Коршиносон ба он назаранд, ки ободу зебо гардондани атроф ва рафтори шоиста намудан дар ҷомеа бояд аз хурдӣ дар дили ҳар як фард ҷо дошта бошад. Албатта, барои он нафаре, ки дар хурдӣ аз падару модар тарбияи дуруст гирифта бошад, ҳар гӯшаи Ватан барояш азизу муқаддас буда, ҳаргиз ба ин гуна амали аз ахлоқ дур даст намезанад. Баръакс кӯшиш мекунад, ки дар ободии ҳар гӯшаи  диёр саҳм гузорад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд аз хурдӣ кӯдаконро тарбияи дуруст намуда, ба роҳи рост ҳидоят созанд. Шинонидани ниҳолу аз сари роҳ дур намудани хасу санг низ сабаб мегардад, то кӯдак ҳамчун фарди ободкору созанда ба воя расад.

Дарвоқеъ, шаҳри Душанбе  симои Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ бояд онро чун оина поку бегазанд нигоҳ дорему бо рафтори шоиста ва фарҳанги воло худ ва фарзандонамонро намунаи ибрати дигарон гардонем. Собит созем, ки тоҷикон миллати фарҳангию дорои одоби намунавӣ буданду ҳастанд. Ҳамин тавр, бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободу зебо гардондани ин шаҳри дилоро бетарафӣ зоҳир нанамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
 АМИТ «Ховар»

Август 27, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид