Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазиро бо 50 ҷойи кории нав мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.
Тавре маълум гашт, корхонаи мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ машғул буда, қоғаз барои ташноб, дастпоккунакҳои қоғазӣ ва дигар навъи маҳсулоте, ки аз қоғаз омода мегардад, истеҳсолу пешниҳод мекунад. Дар як моҳ корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки то 50 тонна ашёи хомро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоӣ омода намояд. Ба иттилои масъулин Корхонаи «Дурахшон — Бӯстон» пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда, аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи хом ба коргоҳ ворид карда мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон» аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, бешубҳа заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат. Дар ин баробар ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст ва феълан ҶДММ «Дурахшон — Бӯстон» аз шумури корхонаҳои азими коркарди қоғаз дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Корхонаи нав бо хати муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад муҷаҳҳаз буда, пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ доимӣ ва бештар аз 1000 сомонӣ маош гаштанд.
Иншооти мазкур дар зарфи як сол бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ «Суғд Лоиҳакаш» бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Бинокор Бунёдгар» анҷом дода шуд. Корхонаи нав дар масоҳати наздик ба як гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон барои интиқолу кашонидани маҳсулот мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Роҳбари давлат ба технологияи насбгардида ва хатҳои истеҳсолии он баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, мутобиқ ба стандартҳои ҷорӣ истеҳсолотро ба роҳ монанд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






