Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ манфиатдор аст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






