САЛОМАТИИ МАРДУМРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Турсунзода 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми пастсифат мусодира карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 03.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳ 28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис 138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад. Ин миқдор орд дар асоси хулосаи комиссия барои хӯроки чорво равон карда шуд.
Директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода изҳор дошт, ки мутахассисон дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдои мамлакат ҷиҳати таъмини либоси ягонаи махсус ва нишони сарисинагии ҳайати хизматрасон ва бо талаботи моддаи 624-и КҲМ ҶТ дар 74 ҳолат соҳибкоронеро, ки аз иҷрои ин қоида сарпечӣ намудаанд, ба маблағи 18 975 сомонӣ ҷарима карданд.
Ҳамчунин дар ин давра бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» 505 адад нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ таъмин карда, бахши баҳодиҳии мутобиқати марказ дар асоси дархости соҳибкорон 321 адад сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дохилӣ додааст.








Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»






